Ин шишаи мо пар аз гулоб аст

Гуфтеми гулоб ва дар кул об аст

Обасту ҳубоби ин майу ҷом

Обаш майу ҷоми мо ҳубоб аст

Нақшӣ ки хаёли ғайри бандад

Он нақши хаёли айн хоб аст

Чашмӣ ки надид нури рӯйиш

Бино набӯд ки дар ҳиҷоб аст

Ҳар моҳ ки рӯ ба ту намояд

Некӯ бингар ки офтоб аст

Соқии қадаҳӣ ба ошиқони даҳ

Ин хайр ки мекунӣ савоб аст

Сайид мастаст дар харобот

ӯ аз чаҳ ғам ар ҷаҳон хароб аст