Нур чашм мардумаст аз дидаи олами ниҳон

Ғайри айн ӯ ки бинад нур ӯ дар инсу ҷон

Гар шавад равшан ба нур рӯй ӯ чашму дилат

Нур рӯй ӯ ба айн рӯй ӯ бинии аён

Дар мазоҳири мазҳарии зоҳир шуда дар чашми мо

Дида бигушо то бибинӣ нур ӯ дар айни он

Ҳарфи ҳарфи ирлғи олам чу мехонам бзўқ

Дар ҳама маншур меёбам ба ном ӯ нишон

Як сари мӯ дар миён мо намегунҷад ҳиҷоб

Хуши миёнӣ дар канору хуши канорӣ дар миён

Садҳазор ойина дорад дарназари он ёри ман

Лоҷарам ҳар оина ӯро намояди он чунон

Хондаам илми бадеъи орифон аз лавҳи дил

Бози асрор маъонӣ мекунам бо ту баён

Дар хароботи фанои ҷоми бақо нӯшида ам

Фориғи хуши фориғами хуши фориғ аз ҳар ду ҷаҳон

Неъмати аллоҳ аз расӯли аллоҳи мондаи ёдгор

Каси надидаи Сайидӣ чун Сайиди соҳибқирон