Ҷомии зи ҳубоби пари з об аст

Обаст ки сўрто ҳубоб аст

Дар зоҳиру ботинаш назар кун

Дарёб ҳиҷоби об , об аст

Он ҷом ҷаҳон намой аввал

Як айну сифот беҳисоб аст

Беҷӯад вуҷӯд чист олам

Гўӣии сари об на , сароб аст

Моҳӣ ки туро ба шаби намояд

Хуршед буд ки дар ниқоб аст

Нақшӣ ки хаёли ғайри бандад

Бигзор ки он хаёл хоб аст

Гар прсндт ки чист тавҳид

Хомӯшии ту , туро ҷавоб аст