Дамӣ дар чашми масти мо назар кун
Бибин манзуру нозирро назар кун
Нигари сӯратгарӣ дар айни сӯрат
Дар ин сӯрати ту он маънӣ назар кун
Ҳубобу мавҷу қатра ҷумла обанд
Биҷӯ ин ҷумла дар дарё назар кун
Ниқоби моҳро бигушо ва бингар
Ба нури офтоби мо назар кун
Дилӣ чун оинаи равшан ба дасти ор
Дар он дилдор беҳамто назар кун
Хаёлаш нақш кун бар пардаи чашм
Ба айни дидаи бино назар кун
Чу олам май намояди неъмати аллоҳ
Назар кун дар ҳамаи ашё назар кун