Биё дар чашми масти мо назар кун

Бибин манзуру нозирро назар кун

Дарин дарёӣ бе поёни қадам на

Ба айни мо дарин дарё назар кун

Ҳазорон оинагар рӯи намояд

Дар он яктоӣ беҳамто назар кун

Назар кун нозир ва манзур бингар

Дамӣ дар дидаи бино назар кун

Ҳамаи ашё ба мо ӯро намояд

Назар кун дар ҳамаи ашё назар кун

Ба нур рӯй ӯ ӯро тавон дид

Тавон дид ончунон ҷоно назар кун

Китоби неъмати аллоҳ хуш бихонаш

Мсмо дар ҳамаи асмо назар кун