Ҷони мо зиндаи дил аз оби ҳаёт ишқ аст
Сӯрату маънии мо зоту сифот ишқ аст
Офтобӣаст ки дар даври қамар тобон аст
Назд мо ҷӯшаши дарёи ҳаракот ишқ аст
Ишқро ҷо ва ҷиҳат нест валикин ба зуҳӯр
Шаш ҷиҳат менагарм ҷумлаи ҷаҳот ишқ аст
Аз карами ишқи вуҷӯдӣ ба адам ме бахшад
Ҳар чаҳ мавҷӯд буд аз баракот ишқ аст
Дорам аз ишқи баротии зи ду олами лекин
Бандаи озод буд чун ба барот ишқ аст
Зоҳиру ботин ӯ ошиқ ва маъшӯқ мананд
Ҳасану эҳсони ҳамагӣ аз ҳасанот ишқ аст
Гӯш кун гуфта мастона Сайид бишинав
Ки суханҳои хушаш аз калимот ишқ аст