Олам мунаввараст ба нури ҷамол ӯ

Дорем мо камол вале аз камол ӯ

Нақш хаёл ӯст ки бар дида рӯ намӯд

Дар хоб дидаем аз он рӯи хаёл ӯ

Оби ҳаёти мост ки нӯшанд ташнагон

Сарчашмаи хушӣ буд оби зулол ӯ

Риндему лоуболӣ ва нӯшем май мудом

На бодаи ҳароми шароби ҳалол ӯ

Ҳар зиндае ки ҷони азизаши азу буд

Ҷовид бошад ӯ ва набошад завол ӯ

Мастӣ ки асл ӯ буд аз кӯй май фуруш

Ҷовид бошад ӯ ва набошад завол ӯ

Сайид якеаст дар ду ҷаҳон мисли ӯ куҷост

Ҳаргизи надидаи дидаи мардуми мисол ӯ