Ҳар қатрае аз ин баҳри дарёӣ бекарон аст

Дар чашми мо назар кун бингар ки айн он аст

Ҳар оина ки бинии тимсол ӯ намояд

Ойинаи ин чунин буд тимсоли он чунон аст

Зиндаи дилон олам доранд ҳаётӣ аз вай

Олам танаст ва ӯ ҷон , ҷон дар бадан равон аст

Мо дидае ки дидеми равшан ба нур ӯ буд

Бингар ки нури рӯйиш бар чашми мо аён аст

Дар гӯшаи хароботи базм хушӣаст мо ро

Базмӣ чигуна базмии фирдавс ҷовдон аст

Маънии сӯрат ӯ дар ин ва он намояд

Дарёб кони маъонии бартар аз ин баён аст

Маншури неъмат аллоҳ бигирифт ҷумлаи олам

Тўқиъи оли Сайид бар ҳукм ӯ нишон аст