Ҷуз яке нест дар ҷаҳон ду магӯ
Вҳдаҳи лои илоҳи алои ҳў
ӯ якеу маротибаш бисёр
Ба маротиб яке нагӯям ду
Баҳри мо мавҷ зад ба ҷӯш омад
Оби ҳайвон равон шуд аз ҳар сӯ
Ҳар ки олам ба нур ӯ нигарад
Ҳарчӣ бинад ҳама буд некӯ
Чашми мардум аз ӯ мунаввар шуд
Чун тавон дид заррае бе ӯ
Шеъри Сайид ба шавқ хуш ме хон
Қавли мастонаи хушӣ май гӯ