Дида то нури ҷамолаш дида аст

Дар назари моро чу нур дида аст

Чашми мардум равшанаст аз нур ӯ

Хуш буд чашмӣ ки ӯро дида аст

Соқии мо масту ҷои м май ба даст

Гирди риндони як ба як гардӣда аст

Булбул сармаст менолад ба завқ

То гулӣ аз гулистонаш чида аст

Ошиқу маъшӯқ ишқаст эй азиз

Ҳар ки сар аз ғайр ӯ печида аст

Дар назари моӣими баҳри бекарон

Мо ба мо ин дидаи мо дида аст

Гуфта мастонаи Сайиди шинав

Ин чунин қавлӣ касе нашунида аст