Ба нур дида дидам нури дида
Чунон нур ва чунин дида ки дида
Бибин ойинаи гетии намоиш
Ба исми аъзам ӯро офарӣда
Надидаи дидаи мо ғайри рӯйиш
Чунин нур аз худои моро расида
Саодати байн ки султони ду олам
Ғуломӣ аз ду олам бар гузида
Мунаввар шуд ду чашми мо аз он нур
Назар фармо ба нур ӯ ки дида
Тамоми булбулон сармаст гашта
Насимӣ аз гулистонаши вазида
Ба мо анъом дода неъмати аллоҳ
Ҳамаи олам ба неъмати парварида