Мо нақши хаёл ту кашидем ба дида

Хуш нақш хаёлӣаст дарин дида бидида

Нурӣаст ки дар дидаи мо рӯй намӯда

Нқшист ки бар пардаи ин дида кашида

Доими дили мо бар дар ҷонона муқӣм аст

Гар ҷони талабад ҳон бисипорем ба дида

Ин гуфта мастонаи мо аз сар завқ аст

Худ хуштар азин қавл ки гуфта ки шунида

Беайб буд ҳарчӣ ба мо мерасад аз ғайб

Айбаш макун эй дӯст ки аз ғайби расида

Хуши халқи азимӣ ки ҳама халқ баронанд

Сад раҳмати ҳақи бод бар ахлоқи ҳамида

Дар бандагии Сайиди риндони харобот

Ин банда ғуломӣаст ки он хоҷа харида