Ҷони мо бо мо дар ин дарё нишаст
Ёри дарёи дили хушӣ бо мо нишаст
Аз сар ҳар ду ҷаҳон бархест дил
Бар дар яктоӣ беҳамто нишаст
Дар хароботи Муғони моро чу ёфт
Маҷлисӣ хуш дид хуш онҷо нишаст
Чун сари дори фанои дор бақо аст
Бар сар дор омад ва аз по нишаст
Моу соқии хуш ба ҳам бинишаста ем
Хуш буд бо мардум доно нишаст
Зоҳиди махмур зер афтод ва шуд
Ошиқ маст омад ва боло нишаст
Сайиди мо нури чашм мардум аст
Лоҷарам бар дида бино нишаст