Дидаи дил аз ту мунаввар шуда
Маҷмаъи ҷон аз ту муаттар шуда
Зулфи ту ошуфта шудаи сар ба сар
Дар сари судоти басии сар шуда
Ин дили мо буд ба ишқи ту хуш
Васли туро ёфта хуштар шуда
Заррае аз нури рахти тофта
Дар назари равшани мо хур шуда
Қатрае аз оби зулоли лабат
Гашта равони чашмаи кавсар шуда
Нақши хаёли ту падеди омада
Одам аз он нақши мусаввир шуда
Соғар медода нишоне ба мо
Зон лаби мо ҳамдами соғар шуда
Ақл агар омад ва гар шуд чаҳ шуд
Омада бисёру мукаррар шуда
Банда зада бӯсае бар пой ӯ
Дар ҳамаи ҷои Сайиду сарвар шуда