Ғайр ҳақ ботиласт то доне

Ақл аз ин ғофиласт то доне

Мавҷ баҳрему айн мо обаст

Оламаш соҳиласт то доне

Ҳар ки олам нашуд ба илми расӯл

Ба худо ҷоҳиласт тодонӣ

Онкӣ донист ин сухан ба тамом

Банда комиласт то доне

Ҳар таҷаллӣ ки бар дилат ояд

Аз худо нозиласт то доне

Ҳар ки ғайр аз худост эй дарвеш

Ҳама беҳосиласт то доне

Куштаи ишқ ва зиндаам ҷовид

Сайидам қотиласт то доне