Ҳама тақдир ӯст то доне

Ҳама зон рӯ накӯаст то доне

Ҷисму ҷонро ба ҳамдигар май байн

Бингар он мағзу пӯст то доне

Гуфта ошиқон ба ҷон бишинав

Ғайр ин гуфтугӯаст то доне

Об бошад якеу зарфи басӣ

Гарчи машк ва сабуаст то доне

Бо тугар моҷаро ҳаме додам

Ғаразам шустушӯаст то доне

Ҷом гетӣ намост дар назарам

Ҷисм ва ҷон рӯбарӯаст то доне

Наъти аллоҳ ки нури дидаи мост

Мазҳар лутф ӯст то доне