Ҳамаи айни ҳманд то доне

Ҳамаи ҷоми ҷманд то доне

Бодаи навашон ки ҳамдам моянд

Ошиқ бе ғаманд то доне

Ҳафт дарё ба пеши дидаи мо

Ба мисл шабнаманд то доне

Нозанинону сарви болоён

Дар чаман май чманд то доне

Бандагони ҷаноби Сайиди мо

Дар ҳарам муҳарраманд то доне

Ринду соқӣ яке аст дарёбаш

Ҷом ва меҳамдаманд то доне

Гарчи бисёр ошиқон бошанд

Ҳамчуи Сайид каманд то доне