Мо он туем , он ту доне
Дил дода туроу ҷон , ту доне
Дар ишқ ту содиқем ҷоно
Сидқи дили ошиқони ту доне
Доне ки ту чист ҳоли ҷонам
Ҳоли ҳамаи ҷаҳони ту доне
Гар дард ба мо диҳӣ вагар соф
Ту ҳокимии ин ва он ту доне
Беному нишон кӯй ишқем
Додеми туро нишони ту доне
Аз ҳар ду ҷаҳон канора кардем
Сиррӣаст дарин миёни ту доне
Мастему ҳарифи неъмати аллоҳ
Майхонаи мо ҳамон ту доне