Ҳарки аз завқ хабар дорад ва донад суханӣ
Биҷуз аз гуфта ушшоқ нахонд суханӣ
Ошиқонаи зи сари завқ сухан ме гӯям
Ғайр ин гуфта мастона намонад суханӣ
Сухани воъизи махмур ба корӣ ноед
Гарчи ояд ба сари минбар ва ронад суханӣ
Сухани нек тавон гуфт валикин ба маҳал
Худ сухан бад кунад онкас ки надонад суханӣ
Сухани Сайиди мо малики ҷаҳонро бигирифт
Ки тавонад ки ба Сайид бирасонад суханӣ