Сухан ёр бишинав аз ёрӣ
Тухми некии бакор агар корӣ
Бад макун эй азизи неки андеш
То наёбӣ ҷазои худ хорӣ
Ҳазрати ҳақи куҷо буд розӣ
Ки дили бандааш бёзорӣ
Дигарон бори ту кашанд ба дӯш
Гар кашии бори ҳазрати борӣ
Гар бибинӣ ҷамол ӯ борӣ
Нақши олами хаёли пиндорӣ
Ҷом меро бигиру хуш май нӯш
Гар ҳавойӣ ба завқи мо дорӣ
Сайиду бандаро ба ҳам бинӣ
Неъмати аллоҳ агар ба дасти оре