Омад ба дарат ҷони азиз аз сари ёрӣ

Маҳрӯм магардон з дар хеши зи ёрӣ

Танҳо на манам сӯхтаи оташи ишқат

Бисёр чу ман ошиқи дили сӯхтаи дорӣ

Як дам наравад умр ки беёд ту бошад

Умед ки моро ту з хотир нагузорӣ

Рӯзӣ ба сари кӯии ту ҷонро бисипорам

Бошад ки ҳамон ҷои ту ба хокам бисипорӣ

Гар ҷавр кунӣ бар дили бечораи мискин

Моро набӯд чора ба ҷузи нолау зорӣ

эй дил ба хароботи фанои хуш гузарӣ кун

Шояд ки май ҷоми бақоро ба кафи оре

Май дар қадаҳу соқии мо Сайиди сармаст

эй зоҳиди махмури ту охир ба чаҳ корӣ