Гар оинаи айн ӯ набӯдӣ
Он рӯй ба мо ки ме намӯдӣ
Бикшод дар саро ба олам
Гар дар бастӣ ки ме гушӯдӣ
ӯ мебахшад вуҷӯди вар на
Будӣ зи ману з ту набӯдӣ
Беханда гул навой булбул
Дар гулшан ӯ ки май шунӯдӣ
Гар нақши хаёл ӯ надидӣ
Ин дидаи мо куҷо ғунудӣ
Ин гуфта агар на гуфта ӯст
Аз оинаи занг кӣ задудӣ
Дидам Сайид ки дрхробот
Мастонаи сурӯд май сурӯдӣ