Рӯҳи аъзами равони Сайиди мост

Лавҳи маҳфӯзи он Сайиди мост

Ҳар маъонӣ ки орифон донанд

Ду се ҳарф аз баёни Сайиди мост

Бемисолу мисол ҳар фардӣ

Ирлғӣ аз нишони Сайиди мост

Ҷони ҷузвӣ фано шавад аммо

Ҷони ҷовиди ҷони Сайиди мост

Ақли аввал ба назд аҳли дилон

Ошиқи ошиқони Сайиди мост

Ҳар якеро аз ӯ буд исмӣ

Исми аъзам аз он Сайиди мост

Неъмати аллоҳ ки мейри мстонст

Бандаи бандагони Сайиди мост