Дили мо ганҷу гнҷхонаҳи мост

Гӯшаи ҷони мо хазонаи мост

Нағмаи булбулони гулшани ишқ

Сифати савти хуши таронаи мост

Дар хароботи ишқи шаб то рӯз

Нолаи зори ошиқонаи мост

Андари ин домгоҳи арсаи дил

Меҳри шаҳбози ишқи донаи мост

Бенишонаст роҳи ҷони лекин

Дили мо пайрави нишонаи мост

Ҳар замони худ замона дигар аст

Ин замон бе гумони замонаи мост

Дам ба дам мерасад Нидои к-эии ёр

Неъмати аллоҳи мо ягонаи мост