Манзили ҷони ҷаҳон бар дар ҷононаи мост
Маскани аҳли дилони гӯшаи майхонаи мост
Хилватӣ бар дар майхонаи гирифтем вале
Ҳарами қудси яке гӯшаи майхонаи мост
То зи шамъи рух ӯ маҷлиси ҷон равшан шуд
Нури шамъи фалак аз партави парвонаи мост
Дидае лؤлؤи лоло ки зи дарёи оранд
Ҳосили ашки ҷигари гӯшаи дурдонаи мост
То абади ганҷи ғамаш дар дил мо хоҳад буд
Зонка ганҷаши зи азал дар дили вайронаи мост
Соқиои соғару паймонаи ман сӯии ман ор
Ки муроди ду ҷаҳони як лаби паймонаи мост
Ончии Сайид ба дилу дидаи ҷон май талабад
Рӯзу шаби ҳамнафасу ҳамдами майхонаи мост