Дар саропардаи дили хилвати ҷононаи мост

Ҷинат ар май талабии гӯшаи майхонаи мост

Хоҷаи оқили мо гарчи камолӣ дорад

Бандаи бандагии ошиқи девонаи мост

Ганҷи ишқӣ ки ҳамаи куну макон май ҷӯянд

Гӯи биёед ки он дар дили вайронаи мост

Оташ ишқ барафрӯхт чунин шамъи хушӣ

Ақли бечораи пурсӯхтаи парвонаи мост

Оби ҳайвон ба мисли аз май мо як ҷомӣ аст

Ҳавзи кавсар чаҳ буд ҷуръаи паймонаи мост

Дар хароботи Муғон бар дар майхонаи мудом

Маҷлиси аҳли дилони маҷлиси шоҳонаи мост

Сухани Сайиди риндон чу бихонанд ба завқ

Бишинав эй дӯст ки он тӯҳфаи мастонаи мост