Чашм мо шуд ба нур ӯ бино

Назарӣ кун ба нур ӯ дар мо

Оби ин чашма меравад ҳар сӯ

Лоҷарами сӯ ба сӯ буд дарё

Ғарқ баҳрему об май ҷўӣим

Мо талабкор ӯ ва ӯ бо мо

Дардмандем ва дилхушем аз он

Дард ишқасту ҷон буд дардо

Мо хаёлем ва дар ҳақиқат ӯ

Ҳўи маъноу Фонзрўои маъно

Нур маънӣ намӯда дар сӯрат

Ганҷи асмои ниҳода дар ашё

Неъмати аллоҳ аз ӯ шудаи мавҷӯд

Нур ӯ ҳам ба ӯ буд пайдо