Неъмати аллоҳи эмом риндон аст

Нури чашми тамом риндон аст

Боз аз давлати чунон шоҳӣ

Ҳамаи олам ба ком риндон аст

Даври риндӣу вақти михўорист

Рӯзгори низом риндон аст

Қавли мастонае ки мишнўӣ

Ду се ҳарф аз калом риндон аст

Он саломӣ ки суннатаст ба мо

Дар ҳақиқати калом риндон аст

Он шаробӣ ки рӯҳат афзоед

Ҷуръае май зи ҷом риндон аст

Шоҳи мо ҳукм анмо дорад

Он нишонаш ба ном риндон аст

Ба хароботи рӯ хушӣ биншин

Ин насиҳат ба ном риндон аст

Базм ишқасту ошиқони сармаст

Сайиди мо ғулом риндон аст