Ақл гарчи раиси ин дили мост
Ишқ шоҳаст ва ин раис гадост
Ишқ бар тахт дил нишаста ба завқ
Ин чунин подшоҳ ва тахт куҷост
Ҷисму ҷон ҳарчӣ ҳаст он вайаст
Малики алмалику молик ду сарост
Баҳру мавҷу ҳубоб ва ҷӯ обанд
Лоҷарам ҳар чаҳ бошад он аз мост
Бар сари кӯй ӯ касе бинишаст
Ки чу мо аз сар ҳама бархест
Офтобасту моҳи хўонндш
Нур чашмаст ва дар назар пайдост
Ишқи болоаш дар балоами андохт
Хуши блоӣӣ буд казон болост
Ҳар ки савдои зулф ӯ дорад
Сар ӯ ҳам чу дег пар савдост
Неъмати аллоҳ барои аҳли дилон
Маҷлиси ошиқона Эй орост