Чашми олами равшан аз нур худост

Ҳар ки инро дид нури чашми мост

Дар дили он кас ки ӯ гунҷида аст

Ҳамчу ӯ соҳибдилии дигари крост

Ҳол мо донад дарин дарё ба завқ

Ёри баҳри вай ки бо мо ошност

Дарди дард ӯ агар ёбӣ бануш

Зонка дарди дард ӯ моро давост

Зарраи хуршеди ин ва он ҳама

Дар назари ойина гетӣ намост

Ошиқ ар дар ишқ ӯ кушта шавад

Ҳазрати маъшӯқ ӯро хўнбҳост

Неъмати аллоҳи ринд сармастӣ хушаст

Подшоҳаст ӯ напиндорӣ гадост