Дида то нури ҷамолаш дида аст
Дар назари моро чаҳ нур дида аст
Чашми мо равшан ба нур рӯй ӯст
Хуш буд чашмӣ ки нураш дида аст
Дил ҳаво дорад ки пайвандад ба ӯ
Гӯиё аз ҷони худ бибрида аст
То хабар ёбад аз он ҷони азиз
Аз ҳамаи ёрони хабар пурсида аст
Ишқ мастасту ҳарифи ҷони мост
Ақли махмур ва мо зи мо ранҷида аст
Ошиқи як рӯй май доне ки кист
Онкӣ дар ӯ ғайр ӯ печида аст
Наамма аллоҳ нек донад ошиқӣ
Муддатӣ шуд то ҳамин варзида аст