Чашми мардуми дидаи мо нури рӯйиш дида аст
Лоҷарам дар дидаи мо ҳамчуи нур дида аст
Аз сар завқаст ин гуфтор мо бишинав зи мо
Зонка қавли ин чунин ҳаргиз касе нашунида аст
Дар хаёли онкии нақш рӯй ӯ бинад ба чашм
Дидаи аҳли назари гирд ҷаҳон гардӣда аст
Тарки чашми маст ӯ дилҳо ба ғорат май барад
Зулфи таррораш ба ҳар мўӣии дилӣ дуздида аст
Ишқ сармастаст ва бо риндон ҳарифӣ ме кунад
Ақл махмураст ва аз зиндони мо ранҷида аст
Аз карами соқии мо май медиҳад моро мудом
Бар сари мо оби раҳмат гӯиё борида аст
Ҳаркасӣ аз лутфи султонӣ нўоӣӣ ёфтанд
Ҳазрат ӯ неъмати аллоҳро ба мо бахшида аст