Мавҷему ҳубоб ҳар ду обаст
Обаст ки сӯрат ҳубобаст
Он кас ки хаёли ғайри бандад
Нақш ғалатаст ва худ ба хобаст
Мавҷасту ҳубоб ҳар ду як об
Обаст ки обро ҳиҷобаст
Маҳтоб чу рӯ ба ту намояд
Равшан бингар ки офтобаст
Бар бастаи ниқоб май баради дил
Ин турфа ки айн он ниқобаст
Длсўхт дар оташи муҳаббат
Гар майл кунӣ ҷигар кабобаст
Асрори замири неъмати аллоҳ
Эҳсон ки кунад ки бе ҳисобаст