Мо ғарқа обем чунин ташна аҷибаст

Дар хона хешем ва ғарибем ғарибаст

Дар айн висолем ва гирифтор фироқем

Мо давр з ёрем вале ёр қарибаст

Дармонда дардем вале хуррам ва шодем

Моро чаҳ ғам аз дард чу маҳбӯб табибаст

Дар дидаи маҷнӯни ҳамаи ҷои сӯрат Лайлӣ аст

Дар чашми муҳибони ҳамаи маънӣ ҳабиб аст

эй ақли ту махмурӣ ва ман ошиқи сармаст

Ғавғо макун эй хоҷа ки ин ҳарду ҳабибаст

Лоҳути ту чун Мӯсоу носути ту мобўт

Маънии ту чун Мӯсоу сӯрат чу салибаст

Моӣим ки маъшӯқи худ ва ошиқ хешем

Ҳам Сайид ва ҳам банда назар кун ки ҳабибаст