Мавҷу дарёи оби бодаш назд мо
Лоҷарам бошад ҳиҷоби мо зи мо
Мо з мо ҷӯяд чу мо бо мо буд
Ҳар ки ӯ бо баҳр мо шуд ошно
Ҳар чаҳ бошад дар ҳудус ва дар қадам
Аз худо ҳаргиз намебошад ҷудо
Дар адами хуши хуш ҳузурӣ ёфтем
Дар фано дорем ҷовидони бақо
Нур рӯй ӯаст дар олами аён
Бингар ин ойинаи нури худо
Ҷомеъи маҷмӯи асмои илоҳ
Май намояди сӯрату маънӣ ба мо
Дард агар дории даво аз худ биҷӯ
Зонка дарди ту буд айни даво
Ақл агар хоҳӣ бирав ҷой дигар
Ишқ агар хоҳии дро дар базми мо
Чун наво аз неъмат аллоҳ ме баранд
Неъмати аллоҳ кӣ бимонад бенаво