Сарири салтанати ишқ бар сар дор аст

Аз он сабаби сари ин дори ҷой сардор аст

Ба ҷони ҷумлаи риндони маст кин дили мо

Мудом дар ҳаваси дасти бӯс хумор аст

Биё ки синаи мо мхзнисти пари асрор

Агар чунонкии туро завқи илм ва асрор аст

Сухан магӯӣ зи дастор ва бигузар аз сари он

Ҳазор сар ба яке ҷӯ чаҳ ҷой дастор аст

Бирафт мурғи дил мо наомадаш хабарӣ

Магар ба доми сари зулф ӯ гирифтор аст

Ба нури дида ӯ дидаи чашми мо равшан

Бибин ба нури ҷамолаш ки нури он ёр аст

Ҳубоб агар чаҳ садост аз ҳазор ҷумлаи яке

Ба айни мо назарӣ кун бибин ки анҳор аст

Макун ба чашми ҳақорати назар ба махлуқӣ

Ки ҷумлаи феъл ҳакимасту нек дар кор аст

Чу орифон бирав ва шукр наамма аллоҳи гӯ

Мабош мункири Сайид чаҳ ҷой инкор аст