Чаҳ ғам дорам чу ёрам ғмгсор аст
Ҳарифи ҷому соқии ёр ғор аст
Бутӣ дорам ки бо ман дар миён аст
Длоромӣ ки доим дар канор аст
Ба даври чашми маст май фурушаш
Маро бо ғайр май хӯрдан чаҳ кор аст
Дили ман боргоҳ подшоҳ аст
Тани ман парда , ҷонами парда дор аст
Ду лаҳза дар яке сӯрат набошам
Вале маънӣ ҳамеша барқарор аст
Яке рӯ дораму ойина бисёр
Яке зоту сифотам садҳазор аст
Ғанимати дони ҳузури неъмати аллоҳ
Ки чун умри азизат бар гузор аст