Ба ҳувият чу ӯст бо асмо
Он ҳувият талаб кун аз ашё
Аз ҳувияти хабар агар дорӣ
Ба ҳувияти худо буд бо мо
Гарчи оби равон буд дар ҷӯ
Бихӯр обии валикин аз дарё
Доман худ бигир ва хуш биншин
То ба кӣ май рӯй ту ҷои зи ҷо
Бо ту мақсӯд туаст ҳам хона
Дар ба дар май рӯй куҷо ва чаро
Аз худӣ бигузару худоро ҷӯ
Чанд бошӣ муқайяди ман ва мо
Ҳамчуи Сайид аз ин ва он бигузар
То биёбӣ мурод ҳар ду саро