Ҷом гетӣ намост Сайиди мо
Ҷону ҷонони мости Сайиди мо
?данеу охирати туфайл вай анд
Сайид ду сарост Сайиди мо
Сайиди мо Муҳамадаст ба ҳақ
Ки расӯл худост Сайиди мо
Хуш фақирӣ ғанӣаст аз олам
Ҳам ғанӣ аз Ганаст Сайиди мо
Мазҳари исм аъзамаш хонам
Ҳазрат Мустафоаст Сайиди мо
Фориғам аз фано ба давлат ӯ
Шоҳвор бақост Сайиди мо
Сайид оламаст Сайиди мо
Бар ҳамаи подшости Сайиди мо
Нақди ганҷинаи ҳудусу қадам
Дорад ва бенавост Сайиди мо
Роҳати ҷони дрдмндонст
Дарди дилро давост Сайиди мо
Авлиё тобеъанд ва ӯ матбӯъ
Сайид анбиёст Сайиди мо
Неъмати аллоҳи насиб аз ӯ дорад
Волӣ авлиёст Сайиди мо