Сари дарин роҳи ишқ дардисар аст

Бигузар аз сар ки кор муътабар аст

Сари мўӣии ҳиҷоб агар боқӣ аст

Битарошаш чаҳ ҷои риш ва сараст

Сари бунаи зери поу дасташи гир

Гар туро майли тоҷ ё камар аст

Нафасии суҳбаташи ғанимати дон

Зонка умри азиз дар гузар аст

Зоҳидӣ дигаранд ва мо дигар

Ҳолати моу завқи мо дигар аст

Ошиқии кӯи зи мо хабар дорад

Аз худу коинот бехабар аст

Назарӣ кун бибин ба дидаи мо

Неъмати аллоҳ чу нур дар назар аст