Нури рӯйиши офтобӣ дигар аст
Чашми мо бар моҳтобӣ дигар аст
Гар касе бинад хаёл ӯ ба хоб
Он хаёли моу хобӣ дигар аст
Оби чашми мо ба ҳар сӯ ме равад
Рӯй мо шаста ба обӣ дигар аст
Мавҷи дрёӣиму дарёи айни мо
Ғайри мо бар мо ҳиҷобӣ дигар аст
Соқии мо май ба мо бахшад мудом
Хайр ӯ бар мо барои дигар аст
Ҳарчӣ май бинӣ чу он махлуқ ӯст
Назд мо олиҷанобӣ дигар аст
Неъмати аллоҳ дар хароботи Муғон
Ошиқи масту харобӣ дигар аст