Чашми масташи тарки айёрӣ хуш аст

Зулф ӯ ҳиндӯӣ таррорӣ хушаст

Ҷони фидои ишқ ҷонон кун равон

Гар туро майлӣ ба дилдорӣ хушаст

Бар сари дор фано биншин хушӣ

Зонка ӣнҷои ҷой сардорӣ хушаст

Дилбар ар сад ҷон ба як ҷӯ май хирад

Зуд бифурӯшаш ки бозорӣ хушаст

Кор бекорӣаст кори ошиқон

Кор мо мекун ки ин корӣ хушаст

Синаи мо махзан асрор ӯст

ӯ ба дастовар ки асрорӣ хушаст

Маҷлис ишқаст ва мо масту хароб

Хуши хроботӣ ва хуморӣ хушаст

Гар гарони бории мисол аз бори ёр

Бори ёр ар май барӣ борӣ хушаст

Банда Сайид шудам аз ҷону дил

Ин сухан сидқаст ва иқрорӣ хушаст