Дар муҳаббати ҷон агар бозӣ хуш аст
Гар кунӣ бозии чунин бозӣ хушаст
Ёри кирмонӣ агар бозӣ хуш аст
Дилбари сармаст широзӣ хушаст
Ринд сар мастем ва бо соқии ҳариф
Бо ҳарифи хеш пардозӣ хушаст
Чанд гардии ту ба худ гирди ҷаҳон
Як дамӣ бо хеш пардозӣ хушаст
Сози моро завқ хуштар ме диҳанд
Сози мо бо ишқ пардозӣ хушаст
Ишқ султонасту тахт дил нишаст
Хонаро бо ишқ пардозӣ хушаст
Сими қалб ту надорад равнақӣ
Сими қалб хеш бигзорӣ хушаст
Дар тариқи ошиқӣ чун ошиқон
Ҳарчӣ дории ҷумла дрбозӣ хушаст
Як дамӣ бо Сайид риндон бисоз
То бадонеи завқ дмсозӣ хушаст