Сӯрату маънӣ ба ҳамдигар хуш аст
Он чунон май дар чунин соғар хушаст
Маҷлис ишқаст ва мо масту хароб
Мо чунин ҳастем ва соқӣ сархушаст
Ҳар ки ӯ бо мо дарин дарё нишаст
Аз сараш то пошна дар зар хушаст
Ҷон ба ҷонони дил бдлбр дода ем
Дар дили мо ишқи он дилбар хушаст
Гавҳар дар ятем аз мо биҷӯ
Гар ба дасти ореи чунин гавҳар хушаст
Авди дил дар миҷмар сина бсухт
Буии хуши моро дарин миҷмар хушаст
Неъмат аллоҳ дорад аз Сайиди нишон
Ин нишони ол пайғамбар хушаст