Дар саропардаи ҷони хилват ҷонона хушаст

Он чунон ганҷи хушӣ дар дил вайрона хушаст

Ринд сармаст биҷӯ зоҳиди махмури бимон

Оқилиро чаҳ кунӣ ошиқ девона хушаст

Ҷаннатиро ки дар ӯ дӯст наёбӣ саҳл аст

Ёр агар даст диҳад гӯша майхона хушаст

Гуфта ошиқ сармаст бихон аз мисатон

Зонка дар маҷлис мо гуфта мастона хушаст

Қадамӣ на нафасӣ гуфта моро дарёб

Бетакаллуф бар мо суҳбат риндона хушаст

Ҳар ки дарвеш буд майл ба шоҳӣ накунад

Дили дарвеш ба он ҳиммат шоҳона хушаст

Наамма аллоҳ ба дасти ор ки сармаст хушӣ аст

Зонка ин Сайиди мастона мардона хушаст