Ин хушаст ва он хушаст ва ин ва он бо ҳам хушаст

Ҷони ҷонон хуш нишаста назд мо беғам хушаст

Ин ҳамаи ҷоми мурассаъи пар з медорем мо

Бо ҳарифи сархуш ва бо соқӣ ҳамдам хушаст

Ақл махмурасту номаҳрам чаҳ донад рози мо

Гуфтани асрори мо бо ошиқ муҳаррам хушаст

Хуш будгар подшоҳӣ мехӯрд аз ҷоми ҷам

Зонка мигўинди ҷоми Подшаҳ бо ҷам хушаст

Гарчи дил ришем марҳамро наме хоҳеми мо

Захми теғи ишқ ӯ дорем ва бемарҳам хуш аст

Чашми маст ӯ назар фармуд сӯии коинот

Ин чунин нури хушӣ дар дидаи олам хуш аст

Маҷлис ишқасту Сайиди масту риндон дар ҳузур

Ҷинати фирдавси мо бо суҳбати одам хуш аст