Ишқ мастасту ақл махмур аст
Оқил аз завқи ошиқон давр аст
Олам аз нур ӯ мунаввар шуд
Ҳарчӣ ояд ба чашми мо нур аст
Оина равшанаст ва май байнам
Дар назар нозираст ва манзур аст
Ринди мастӣ ки завқ мо дорад
Хуштар аз зоҳидӣ ки махмур аст
Аҳвалигар яке ду ме бинад
Ҳеҷ манъаш макун ки маъзӯр аст
Офтобаст бар ҳамаи тобон
Ту гумон май барӣ ки мастур аст
Ҷоми гетии намои Сайиди мост
Дар ҳамаи коинот машҳур аст