Ишқи мастату ақл махмур аст
Ақл аз завқи ошиқон давр аст
Дида мардумаст аз ӯ равшан
Назарӣ кун бибин ки манзур аст
Нақди ганҷ вайаст дар дили мо
Ганҷи вайрон ба кунҷ вайрон аст
Шуд ду олам ба нур ӯ равшан
Равшани ин чашми мо аз он нур аст
Зарраи зарра чу нур ме нагарм
Офтобӣ ба моҳ мастур аст
Зоҳдори завқ мо наме ёбад
Ҳеҷ айбаш макун ки маъзӯр аст
Ишқи бозӣу риндии Сайид
Дар хароботи нек машҳур аст