Ҳамсояи ҳазрат шариф аст
Гар сояи латиф ё касиф аст
Инсони кабӣр сӯрат ӯст
Дарёб ки маънӣ латиф аст
Гар рӯҳи мудаббираши бадоне
Инсони кабӣр бас зарифаст
Бо ақл магӯ ҳикояти ишқ
Зеро ки мизоҷ ӯ заъиф аст
Ин турфаи нигар ки ҷумлаи олам
Дар ғояти қӯт ва наҳифаст
Маъшӯқ худасту ошиқи худ
Ишқӣ ки чу ишқи мо афиф аст
Дар хилвати хоси Сайиди мост
Кови хонаи холӣ ва латифаст