Ҳамаи олам танасту ҷон ишқ аст

Ҷону ҷонони ошиқон ишқ аст

Ишқ ҳам сӯратаст ва ҳам маънӣ

Ошкоро ва ҳам ниҳон ишқ аст

Дар миёни ой ва дар канораши гир

Хуши канорӣ ки дар миён ишқаст

Ишқу маъшӯқ ва ошиқ хешем

Ҳарчӣ ҳастем ин замон ишқ аст

Умри ҷовиди хуш буд бо ишқ

Ғараз аз умри ҷовдон ишқ аст

Ошиқона дар ои дарин маҷлис

Гар туро ишқи он чунон ишқ аст

Неъмати аллоҳ чу нур пайдо шуд

Назарӣ кун бибин ки он ишқ аст